EN   |   TJ   |   RU
  EN   |   TJ   |   RU

Дар бораи ширкат

КОМПОЗИТ Т.А.

КОМПОЗИТ Т.А. ягона истеҳсолкунандаи қубурҳои шишапластикӣ ва дигар маҳсулоти шиша-пластикӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҳсулоти мо ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст ва пеш аз истифода барои мустаҳкамӣ ва фишор озмоиш карда мешавад.

КОМПОЗИТ Т.А. бо ҳамкории ширкати “Авесто Групп” ва ширкати озарбойҷонии “Азкомпозит” таъсис дода шудааст.

Маҳсулоти асосӣ:

  1. Қубурҳои шишапластикӣ бо диаметри аз 400 то 3000мм бо усули печутоби доимӣ
  2. Фитингҳои шишапластикӣ аз 400 то 3000мм
  3. Панҷараҳои шишапластикӣ
  4.  Люкҳои канализатсионӣ аз шишапластик
  5. Швеллерҳо аз шишапластик 
  6. Инчунин мутахассисони мо таҷрибаи истеҳсоли ашёҳои ороишӣ, мебел ва қисмҳои автомобил (бампер, спойлер ва ғ.) доранд.

150 км.

Иқтидори солонаи истеҳсолӣ

100 метр

Иқтидори истеҳсолӣ дар як рӯз

72 +

Шумораи ҷойҳои корӣ

Лоиҳаҳо

Ширкати КОМПОЗИТ Т.А. аз замони таъсисаш дар лоиҳаҳои кашидани қубурҳо фаъолона иштирок мекунад. Корхонаи мо то имруз 13 объектро бомуваффакият ичро карда, дар ду объекти дигар, аз чумла кор-хонахои «Душанбеводоканал» ва «Хочагии манзилй ва коммуналй» корро давом дода истодааст. Ин лоиҳаҳо аз ҷониби созмонҳои бузурги байналмилалӣ, аз қабили Бонки Осиёии Рушд (БОР) ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТБ) маблағгузорӣ мешаванд.

Ҷуғрофияи лоиҳаҳои мо шаҳрҳои Душанбе, Норак, Данғара ва Хуросонро дар бар мегирад. Дар давоми кори корхонаи мо зиёда аз 45 хазор метр кубурхои диаметрашон гуногун (аз 400 то 2000 миллиметр), дурушт ва фишорашон гуногун истехсол ва васл карда шуд. Мо ифтихор дорем, ки дар рушди инфрасохтори обтаъминкунӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон саҳм мегузорем.

Видеогашт