Мо қубурҳои шишапластикиро бо усули печутоби доимӣ диаметрашон аз 400 мм то 3000 мм истеҳсол мекунем. Дар истеҳсоли мо технологияҳои пешрафта ва таҷҳизоти муосир истифода мешаванд, ки ба истеҳсоли қубурҳои баландсифат ва масолеҳи композитӣ мусоидат мекунанд.
Қубурҳои шишапластикии “КОМПОЗИТ Т.А.” дар хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ (расонидани оби сард, канализатсия, дренаж), кишоварзӣ (обёрӣ, мелиоратсия), гидроэнергетика ва саноат истифода мешаванд. Хусусияти Қубурҳои мо ин нархи дастрас, осонии насб, муқовимат дар баробари зангзанӣ ва ғайра, ки ҳамаи ин имкон медиҳанд то қубурҳоро дар шароити гуногуни иқлимӣ истифода бубаред. .
Ширкати “КОМПОЗИТ Т.А.” дар натиҷаи ҳамкории стратегӣ байни ширкати тоҷикии “Авесто Групп” ва ширкати озарбойҷонии “Азкомпозит” таъсис дода шудааст. Фаъолияти асосии ширкат ба рушди технологияи пешрафта дар истеҳсоли маҳсулоти шишапластикӣ равона шудааст.
Технологияҳо дар истеҳсолоти мо:
Маҳсулоти мо ба стандартҳои байналмиллалии сифат мувофиқат мекунад ва озмоишҳои ҷиддӣ барои мустаҳкамӣ, устуворӣ ва муқовимат ба сарбориҳои гуногунро мегузарад.. Мо ба эътимоднокӣ ва давомнокии хидмати маҳсуолти худ дар шароити муқарраргардидаи истифода кафолат медиҳем.
Раванди истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ аз ташкили қабати аввали қубур дар дастгоҳи Liner оғоз мешавад, ки дар он қолаби қубур бо ёрии муҳаррики электрикӣ чарх мезанад. Маводи асосӣ дар ин марҳила қатрони полиэстерии хӯрокворӣ, марляи полиэстерӣ ва матоъи нахи шишагии дӯхташуда мебошад. Баъд аз ин қолабро бардошта, дар наздикии оташдон хушк мекунанд ва гармӣ ба таври яксон тақсим карда мешавад, то раванди полимеризатсияи қатрон суръат гирад.
Марҳилаи арматура дар дастгоҳи Winder сурат мегирад, ки дар он раванди печутоби доимии нахи шишагӣ, ки қаблан бо қатрони полиэстерӣ тар карда шудааст, иҷро мегардад, ки ба қубур мустаҳкамии иловагӣ медиҳад. Вобаста ба талаботи техникии фармоишгар, ба қубур қабати қуми кварцӣ низ дохил кардан мумкин аст, ки ба он сахтии зарурии ҳалқавӣ медиҳад.
Баъд аз полимеризатсия, муҳандиси шӯъбаи назорати сифат (ОТК) омодагии қубурро тафтиш мекунад. Агар қубур ба талабот ҷавобгӯ бошад, онро ба дастгоҳи токарӣ барои буридани қисмати ниппелӣ мебаранд. Баъд аз ин қубур аз қолаб хориҷ карда шуда, барои ташхиси визуалӣ ва таъмири косметикӣ пеш аз интиқол ба фармоишгар фиристода мешавад.
Истеҳсоли фитингҳо аз қубурҳои шишапластикӣ аз таҳияи тамоми қисмҳои зарурӣ аз ҷониби конструктор оғоз мешавад, ки аз ҷумла пайвандҳои флансӣ, зонуҳо, сегонакҳо, гузаришҳо ва чорроҳаҳоро дар бар мегирад. Конструктор талаботҳоро ба роҳбари истеҳсолот месупорад, ки истеҳсоли қубурҳо дарозии лозимаро ташкил мекунад, бо ниппел ва раструб ё бе онҳо, вобаста ба хусусиятҳои фитинг.
Дар шуъбаи асосӣ, қубур мувофиқи маълумоти техникии фармоишгар тайёр карда мешавад ва сипас ба шуъбаи махсус барои истеҳсоли фитингҳо равона карда мешавад. Агар пайванди флансӣ бо ниппел ё раструб лозим бошад, қубурро аз миёнааш мебуранд ва қисмати флансӣ ба воситаи технологияи муқарраргардида бо истифодаи қатрони полиэстерӣ ва матоъҳои бурида ва бофташуда месозанд.
Барои истеҳсоли зонуҳо, қубурро дар кунҷи муайян бурида, қисмҳоро пайваст мекунанд, ва пай дар пай қатрон, матоъҳои бурида ва матоъи бисёрҷиҳатаро Пайнами мекунанд.. Вобаста ба сахтии ҳалқавӣ ва фишори номиналии қубур, пайдарпаии татбиқи маводҳо метавонад фарқ кунад. Агар дар истеҳсоли қубур қуми квартсӣ истифода шуда бошад, барои фитингҳо технологияи бе истифодаи квартс истифода мешавад.
Истеҳсоли фитингҳо пурра дастӣ иҷро мешавад, ки ин кафолати сифати баланд ва риояи дақиқи тамоми талаботҳои техникӣ мебошад.
Дар истеҳсоли панҷараҳои шишапластикӣ нахҳои шишагӣ ва қатрони полиэстерӣ истифода мешаванд. Раванд аз печонидани нахҳои шишагӣ ба қолаб оғоз мешавад. Баъдан, компонентҳои қаблан омехташуда — қатрони полиэстерӣ, катализатор, суръатбахш ва ранг — ба қолаб рехта мешаванд, то нахҳои шишагиро тар кунанд. Пас аз ин, нахҳои шишагӣ боз ба қолаб печонида мешаванд ва раванди мазкур такрор мешавад. Қолабҳо фишор дода мешаванд, то ҳаво хориҷ шавад, ва сипас барои суръат бахшидани полимеризатсия қолаб бо оби ҳарораташ баланд гарм карда мешавад. . Баъди сахт шудани қатрон, панҷара хунук карда мешавад, то онро ба осонӣ берун оранд. Ранги панҷараҳоро мувофиқи талаботи фармоишгар тағйир додан мумкин аст.
Нақшаҳои рушд: Дар оянда мо ният дорем, ки доираи маҳсулоти шишапластикиро васеъ кунем. Дар байни самтҳои нав истеҳсоли қисмҳои автомобилӣ, унсурҳои мебел, майдончаҳои бозӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва зарфҳои шишапластикӣ. Ин қадамҳо ба мо имкон медиҳанд, ки ҳалли инноватсионӣ барои соҳаҳои гуногун пешниҳод кунем, бо истифодаи технологияҳои пешрафта ва қувваи шишапластик.